милтиқ
1милтиқ — [ملتق] силоҳи дастии оташфишонӣ бо милаи дароз, туфанг: милтиқи панҷтира, милтиқи пилтагӣ, қундоқи милтиқ, сарнайзаи милтиқ, милтиқро сарозер овехтан, милтиқро ба пеши рӯи худ бардоштан, ба милтиқ тир ҷой додан, милтиқ дар даст омадан; милтиқи… …
2милтиқпарронӣ — [ملتيق پرّاني] ниг. милтиқандозӣ; тир холӣ кардан аз милтиқ; тирхоликунии дутарафа аз милтиқ …
3милтиқандозӣ — [ملتق اندازي] тарзи тирпарронӣ аз милтиқ, тариқи тирандозӣ аз милтиқ …
4милтиқдор — [ملتق دار] он ки бо милтиқ ё туфанг мусаллаҳ аст, шахси мусаллаҳ бо милтиқ, туфангдор …
5милтиқнок — [ملتق ناک] ниг. милтиқдор …
6милтиқсоз — [ملتق ساز] устои созандаи милтиқ, туфангсоз …
7милтиқсозӣ — [ملتق سازي] касбу кори милтиқсоз …
8қундоқ — [قنداق] т. ҳ. қисми чӯбини милтиқ, ки дар вақти тирандозӣ онро ба китф такя медиҳанд, пошнаи милтиқ: қундоқи милтиқ …
9сунба — [سنبه] милаи оҳанине, ки бо он чизеро сӯрох кунанд ё милаи милтиқро тоза кунанд; милтиқи сунбагӣ милтиқи қадимаи даҳанпур, ки борутро бо сунба ҷо мекарданд; сунба задан бо сунба тоза кардани мили камон, тӯп ва ғ …
10дувоздаҳтира — [دوازده تيره] дувоздаҳ тир дошта; милтиқи дувоздаҳтира милтиқе, ки дувоздаҳ тир дар тирдонаш ҷой мегирад …