меҳрангез
1меҳрангез — [مهر انگيز] он чи ҳисси муҳаббат ва меҳрубонӣ ба вуҷуд меорад; пурмеҳру муҳаббат: нигоҳи меҳрангез, чашми меҳрангез, суханҳои меҳрангез …
2сеҳрангез — [سحرانگيز] маҷ. ҷозибадор, мафтункунанда; дилрабо: шеъри сеҳрангез, чашми сеҳрангез …
3қаҳрангез — [قهرانگيز] хашмгинона, ғазаболуд: нигоҳи қаҳрангез …
4шӯрангезӣ — [شورانگيزي] шӯрангез будан, ҳаяҷонбахшӣ …
5шӯрангез — [شورانگيز] ҳаяҷонбахш, ошуфтакунанда, ошӯбовар; фитнаангез …
6шаҳрошӯб — [شهر آشوب] 1. он ки шаҳреро ба ошӯб меандозад, он ки дар ҳусну ҷамол шаҳреро ба шӯр овардааст 2. шӯрангез 3. як навъи шеър, ки мазмуни шӯху шӯрангез дорад …
7ангез — I [انگيز] 1. асоси замони ҳозира аз ангехтан 2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маънои бавуҷудоранда: ҳайратангез, даҳшатангез, шӯрангез… II [انگيز] қасд, оҳанг; ангез кардан қасд кардан; ҳамла кардан …
8афсунсоз — [افسون ساز] 1. ҳилагар, афсунгар 2. сеҳрангез …
9балоангез — [بلاانگيز] 1. офатовар; зарару хисороти бисёр оваранда 2. шӯрангез, фитнаовар …
10васваса — [وسوسه] а 1. фикру хаёле, ки ба роҳи бад мебарад, андешае, ки ба бадӣ мебарад, нияту андешаи бад 2. иғво, фитна, шӯрангезӣ, ташвиқ ба ягон кори бад, таҳрикоти бад 3. шакку шубҳа; гумони бад; васваса кардан (намудан) ба кори бад таҳрик кардан, ба… …