осил
91бензол — [بينزال] лот. хим. моеи беранги зуддаргиранда, ки аз қири ангиштсанг ҳосил мекунанд ва барои тайёр кардани рангубор, моддаҳои тарканда, дорувор ва ғ. ба кор меравад …
92бесамар — [بي ثمر] 1. беҳосил, ғайриборвар: дарахти бесамар 2. бенатиҷа, бефоида: бесамар гузаштани ҷавонӣ …
93бесамарӣ — [بي ثمري] 1. бесамар будан, беҳосилӣ 2. натиҷа надоштан, бефоида будан …
94биринҷ — [برنج] навъе аз ғалладонаҳои хӯрокӣ, ки дар кишварҳои гарми сернам мекоранд; дони шолӣ, ки баъд аз ҷувоз кардан ҳосил мешавад, гурунҷ: биринҷи девзира, биринҷи лӯнда, биринҷи оқпар; биринҷи миёнколӣ а) биринҷи оббардоре, ки вақти ош пухтан бисёр… …
95битум — [بتم] лот. номи моддаҳои сахт, моеъ ё газшакли органикии табиӣ (аз қабили нафт, гудрон); битуми сунъӣ он чи аз коркарди нафт, ангиштсанг ва торф ҳосил мешавад, қир …
96бобаракат — [بابرکه // بابرکت] 1. он ки аз ӯ хайру барака мерасад, пурфайз: одами бобарака(т) 2. зиёд, фаровон, бисёр; пурманфиат, пурсамар, сермаҳсул, серҳосил …
97боз — I [باز] 1. асоси замони ҳозира аз бохтан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои машғулшаванда: бедонабоз, қиморбоз, ҳуққабоз; созу боз зебу зинат, ороиш 3. ҷузъи пешини калимаҳои мураккаб ва феълҳо ба маънои дубора, аз нав рӯй додан,… …
98бороварӣ — [بارآوري] амал ва қобилияти ҳосил додан, самароварӣ, босамарӣ …
99вақт — [وقت] а 1. гоҳ, ҳангом, ҳиссае аз замон, соатҳои муайяни шабу рӯз: вақти говгум, вақти пешин, вақти шом, вақти ғуруби офтоб 2. фурсат ва муддати одатан муқарраршудаи коре; мӯҳлат: вақти мувофиқ (муносиб), вақти имтиҳон, вақти хуфтан, боз чанд… …
100валентнокӣ — [ولينت ناکي] хим. қобилияти пайвастшавии банди химиявӣ ва ҳосил кардани унсурҳои дигари химиявӣ …