лиди
91вангас — [ونگس] гуфт 1. калимаи тақлиди овози гиряи давомдор бо садои баланд ҳунг ҳунг, ҳунгас; вангас зада гиря кардан бо садои баланд гиристан, ҳунгос зада гиристан 2. садои гурба, саг (махсусан бачаи гурба) …
92ванг-ванг — [ونگ گونگ] гуфт 1. калимаи тақлиди овози гиря бо овози баланд, вангас 2. садои тези ягон чизи вазнину ларзонанда: мошинҳо ванг ванг гузашта мерафтанд …
93ваҷҷарос — [وجرّاس] калимаи тақлиди овоз, ки ҳолати ларзидани бадани инсонро аз таъсири сухани ниҳоят нохуш ё дидани ягон чизи даҳшатангез ифода мекунад …
94вижжас — (вижжос) [وژّس // وژّاس] калимаи тақлиди овоз 1. ниг. виззас // виззос 2. овози ибтидои ба ҷӯш омадани об, шир ва ғ. (дар канори дег); садои баромадани газ аз обҳои маъданӣ …
95виз-виз — [ويز ويز] калимаи тақлиди овози занбӯр вақти парвоз …
96виззас — (виззос) [ويزّس // وزاس] калимаи тақлиди овоз 1. садои парвози занбӯр, магас ва ғ. ; садои ҳаворо бурида гузаштани тир, тозиёна ва ғ. ; садои ҳуштаккашон вазидани шамоли сахту сард 2. калимае, ки ҳолати аз дарди сӯзишноке ларзида рафтани баданро… …
97вингос — [ونگاس] калимаи тақлиди овози пасти парвози занбӯр, магас ва ғ. : вингос задан …
98гулдурос — (гулдуррос) [گلدوراس] калимаи тақлиди овози баланди раъду барқ ё таркиши давомдори тири тӯп ва мисли ин; гулдурос задан садо баровардани раъду барқ, овози ниҳоят баланд баровардан …
99гумбурос — (гумбуррос) [گمبراس] калимаи тақлиди овози бардавоми сахт афтидани чизи вазнин, таркидан ё ба ҳаракат даромадани ягон чиз; гумбурос задан овози сахт баровардан (бо афтидан, таркидан ё ҳаракати шадиди чизе) …
100гум-гум — [گم گم] калимаи тақлиди овози пайи ҳам ба чизе бархӯрдани чизе, бо мушт задани девор ва ғ …