лиди
81ак-ак — [اک اک] калимаи тақлиди овоз барои ифодаи садои саг, аккас: ак аки саг …
82аккас — (аккос) [اکّس // اکّاس] калимаи тақлиди овози саг, садои саг …
83ар-ар — [ار ار] 1. дарахте аз ҷинси сафедор; ар ари сафед сафедори паҳншох, ки пушти баргаш нарми патдор аст; ар ари сиёҳ сафедори ростқаде, ки пушти баргаш сабз аст 2. калимаи тақлиди овози баланди хар, ҳангоси хар …
84бакабум — [بک ه بم] мус. калимаи тақлиди овозӣ, ки аз садои доира ва нақора гирифта шудааст …
85бақаррос — [بقراس] калимаи тақлиди овози ҷӯшиши сахти об ва дигар моеот, балаққос …
86балақ-балақ — [بل ق بلق] калимаи тақлиди овоз, ки садои ҷӯшидани чизи моеъро ифода мекунад …
87балаққас — (балаққос) [بلقّس // بلقّاس] калимаи тақлиди овози сахт ҷӯшидани чизҳои обакӣ …
88беҳ-беҳ — [به به] калимаи тақлиди овози барои ба назди худ хондани хару асп …
89вағар-вағар — [وغر وغر] 1. калимаи тақлиди овози хурӯшидани гурбаю саг (ҳангоми ҷанг) 2. маҷ. мағал, ғалоғула: вағар – вағар кардан …
90вақ-вақ — [وق وق] 1. калимаи тақлиди овози қурбоққа 2. маҷ. сафсата, гапи беҳуда; беҳудагӯӣ, лаққигӣ; вақ вақ кардан а) овози хос баровардани қурбоққа; б) маҷ. лаққидан, сафсата гуфтан, ҳарзагӯӣ кардан …