зардӯзӣ=
61заъфарон — [زعفران] а. гиёҳест, ки гулҳои зарди сурхчатоби хушбӯй дорад ва дар тиб ва хӯрокворӣ ба кор меравад; ранги заъфарон ранги зард ва фасурда …
62зулбиё — (зулибиё) [ذولبيا] хӯр. ҳалвое, ки аз орд, шакар ва равғани кунҷид ё равғани зард тайёр мекунанд …
63испараг — [اسپرگ] бот. як навъ гиёҳи ёбоист, ки аз он ранги зард тайёр мекунанд …
64калла — [کلّه] сари одам ва чорпоён, каллахонаи сар; калла калла тӯб тӯб ва паҳлӯи ҳам; як калла кунҷора як лӯнда кунҷораи ҷувоз; калла доштан ақл доштан, муҳокима ронда тавонистан; калла ба калла задан а) каллаи якеро ба каллаи дигаре задан; б) маҷ. бо… …
65каллапӯш — [کلّه پوش] пӯшиши сар; тоқӣ, тӯппӣ; каллапӯши зардӯзӣ тӯппии бо риштаи заррин гулдӯзишуда; каллапӯши кундал тӯппии аз кундал дӯхташуда; кал лапӯши тос тӯппии занонаи дӯхти махсуси доирашакл аз матои ҷилодори тос …
66калобатун — [کلابتن] риштаи хеле борик аз тилло ва нуқра барои зардӯзӣ …
67кишмиш — [کشمش] навъи ангури майдаи бедонак; мавизи ин ангур: кишмиши зард, кишмиши сиёҳ …
68қаламзада — [قلم زده] 1. сифати феълии замони гузашта аз қалам задан; хати бутлон кашида, кӯркарда; бо қалам ислоҳкарда: хати қаламзада 2. матои қаламзада матое, ки барои зардӯзӣ ва дигар ороишҳои зинатӣ нақши он бо қалам кашида шудааст …
69қатраборон — [قطره باران] 1. бороне, ки бо қатраҳои калон меборад 2. бот. номи гиёҳест, ки гулҳои қатори сафеду зард дорад 3. маҷ. дандонҳои сафеди дона дона, ки зич ва ҳамвор бари ҳам омадаанд …
70лола — [لاله] бот. гули саҳроии пиёзакбех, ки баргҳои сурху зард ва дигар рангҳо дошта, тарафи думчааш сиёҳ аст: лолаи арғувонӣ, лолаи аҳмар, лолаи хандон, лолаи ҳамро, лола чидан; лолаи кӯҳӣ лолаи ғафсбарги калонкоса; мавсими лола вақти шукуфтани гули… …