Ситоиш
1ситоиш — [ستايش] 1. мадҳ, сано 2. тавсиф, таъриф; ситоиш кардан сутудан, хубии касеро гуфтан, таъриф кардан …
2сано — I [ثنا] а 1. мадҳ, таҳсин, ситоиш; ҳамду сано сипосу ситоиш; сано гуфтан касеро мадҳу ситоиш кардан II [ثنا] а. тиб. як навъ гиёҳ, ки дар тиб истифода мешавад; санои маккӣ барги борики ҳиноиранги гиёҳи сано, ки дар тиб ҳамчун дору ба кор меравад …
3мадҳия — [مدحيه] а. шеъри ситоишӣ, шеъри мутантан дар ситоиш ва таърифи касе …
4алҳамдулиллоҳ — [الحمد لله] а. шукр Худоро, шукри Худо, ҳамду ситоиш барои Худованд аст …
5белоф — [بي لاف] :белофу газоф бидуни лофу худситоӣ, бетаърифу ситоиш …
6дуо — [دعا] а. д. дархост аз Худо, ниёиш; дуои хайр аз Худо хостани хайрият ва некии касе; дуо кардан касеро хайру баракати касеро аз Худо талаб кардан; дуои касеро гирифтан ба касе хизмате ё некие карда, мавриди ситоиш ва дуоталабии вай шудан …
7дуруд — I [درود] 1. салом, таҳният 2. сано, ситоиш; дуруду паём гуфтан салом гуфтану хабар додан; дуруду таҳният гуфтан табрик кардан II [درود] кит., ниг. дарав; кишту дуруд коштан ва даравидан; зироаткорӣ …
8мадҳ — [مدح] а. ситудан, ситоиш; сано, наът; мадҳ кардан ситудан, таъриф кардан …
9мадҳгӯй — [مدح گوي] он ки мадҳу ситоиш мекунад, саногӯй, маддоҳ …
10мадҳгӯӣ — [مدح گوئي] ситоиш, саногӯӣ, таъриф …